- нағз
- [نغز]1. хуб, некӯ, писандида2. бо сифати хуб, бомуваффақият: амалиёт нағз гузашт3. ба хубӣ, хеле хуб, ба ваҷҳи аҳсан; нағзаш беҳтараш, беҳтар он аст, ки…: нағзаш ҳамин ки…; нағз дидан а) ба хубӣ дидан, бо диққат аз назар гузарондан: ҳар тарафро нағз дида баромадан; б) дӯст доштан; нағз донистан ба хубӣ донистан, хеле хуб огоҳ будан аз чизе; нағзу бад шудан ҷангу ҷанҷол кардан бо касе, сурху сафед шудан; нағз шудан а) хуб шудан; б) саломат шудан, сиҳат шудан; нағз кардед кори хуб кардед; нағз монед! сиҳату саломат бошед (вақти видоъ мегӯянд); нағз равед! роҳи сафед! тинҷу осуда рафта расед!; нағз нашудан анҷомаш хуб набудан, оқибаташ ташвишовар будан; нағз не хуб не, кори нек не, маъқул не, писандида не
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.